Миграционный
центр

ФГУП ПАСПОРТНО-ВИЗОВЫЙ СЕРВИС
ул. Есенина, 1г, тел.: 325-11-11

Маркази муҳоҷират

Вақти кори Маркази муҳоҷиратӣ дар суроғаи к. Есенин, 1г:

Аз душанбе то ҷумъа аз 8.00 то 17.00
Танаффус аз 13.00 то 14.00

Ҳамаи хизматрасониҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ дар як суроға:

  • Тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани ПАТЕНТ барои кор
  • Тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои РИМ (Рухсатномаи истиқомати муваққатӣ)
  • Тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани ҳуҷҷати зист (вид на жительство)
  • Комиссияи тиббӣ (ҳамаи духтурҳо ва таҳлили хун ба ВИЧ ва сифилис дар якҷоягӣ)
  • Омӯзиш ва тестсупорӣ аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории ФР
  • Ба расмият даровардани полиси СИТ (суғуртаи ихтиёрии тиббӣ)
  • Тарҷумаи ҳуҷҷатҳо аз забонҳои хориҷӣ бо тасдиқи нотариус
  • Расмгирӣ барои ҳуҷҷатҳо
  • Хизматҳои нусхабардорӣ
  • Пардохти боҷҳои давлатӣ
  • Додани қарзҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ

Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои ба гирифтани ПАТЕНТ барои кор

  1. Шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ
  2. Корти муҳоҷиратӣ бо мақсади воридшавии «КОР»
  3. Бақайдгирии муваққатӣ
  4. Ҳуҷҷатҳои зеринро Шумо метавонед дар Маркази муҳоҷиратӣ ба пуррагӣ омода намоед:
  5. Ариза барои гирифтани патент
  6. Сертификати тиббӣ
  7. Сертификат дар бораи дониши забони русӣ ё аттестати мактабӣ, ки то моҳи июли соли 1991 дода шудааст
  8. Полиси СИТ ба мӯҳлати 1 сол
  9. Тарҷумаи шиноснома бо тасдиқи нотариус
  10. Расми ранга, 3х4 см, 2 дона

Аз 01 январи соли 2018 пардохти ҳармоҳа барои патент дар Новосибирск 3581 рублро ташкил медиҳад. Барои гирифтани патент пардохт намудани се-шаш моҳи аввал тавсия карда мешавад.

Ба расмият даровардани ПАТЕНТ дар тартиби умумӣ 10 (даҳ) рӯзи кориро ташкил мекунад.
Дар Маркази муҳоҷиратӣ Шумо метавонед аз хизматрасонии фаврии тайёр намудан, ба расмият даровардан ва ҳамроҳӣ кардани пакети ҳуҷҷатҳо (дар муддати кӯтоҳтарин, бо тарзи таъҷилӣ) истифода баред.
Арзиши хизматрасонии мазкур 7050 рубл аст.
Барои истифода аз хизматрасонии мазкур ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:
к. Есенин, 1Г, Маркази муҳоҷиратӣ, ошёнаи 2-юм
оиди ҳамаи масъалаҳо ба рақами 8(383) 325-11-11 занг занед

Нархи тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани ПАТЕНТ барои кор

  1. Тайёр намудан ва ҳамроҳӣ кардани пакети ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент 2600 рубл.
  2. Муоинаи тиббӣ (ҳамаи духтурҳо ва таҳлили хун ба ВИЧ ва сифилис) 3050 рубл.
  3. Тест барои гирифтани сертификат дар бораи дониши забони русӣ, таърих ва қонунгузории ФР 4900 рубл.
  4. Ба расмият даровардани полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ба мӯҳлати 1 сол 1200 рубл.
  5. Тарҷумаи ҳуҷҷатҳо аз забонҳои хориҷӣ аз 1200 рубл.
  6. Расмҳо барои патент (2 дона, 3х4 см) 100 рубл
Нархнома аз тарафи КВДФ "ПВС" ХФМ Россия тасдиқ шудааст

Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои ба расмият даровардани рухсатномаи истиқомати муваққатӣ (РИМ)

  1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳрвандӣ – шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ, аслаш.
  2. Шаҳодатнома дар бораи таваллуд, аслаш
  3. Корти муҳоҷиратӣ, аслаш ва нусха
  4. Хабарнома дар бораи гирифтани ба қайди муҳоҷиратӣ, нусхаи аслӣ ва нусхабардоришуда
  5. Хатти никоҳ, нусхаи аслӣ ва
    • нусхабардоришуда, агар ҳамсар шаҳрванди Россия бошад
    • нусхабардоришуда бо тасдиқи нотариус, агар никоҳ дар хориҷи ФР баста шуда бошад
  6. Шиносномаи ҳамсар, агар ҳамсар шаҳрванди Россия бошад, нусхаи аслӣ ва нусхабардоришудаи саҳифаҳо бо расм, бақайдгирӣ ва мӯҳр дар бораи бастани никоҳ
  7. Шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак, то синни 18 сола, нусхаи аслӣ
  8. Шиносномаи кӯдаки синни аз 14 то 18 сола, нусхаи аслӣ ва нусхабардоришудаи ҳамаи саҳифаҳои шиноснома
  9. Корти муҳоҷиратии кӯдак, нусхаи аслӣ ва нусхабардоришуда
  10. Хабарнома дар бораи ба қайди муҳоҷиратӣ гирифтани кӯдак, нусхаи аслӣ ва нусхабардоришуда
  11. РМА, гирифтани он тавсия карда шудааст, барои гирифтани он ба мақомоти андоз дар маҳалли бақайдгирӣ муроҷиат намоед
  12. Маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ, барои вориди раводидӣ
  13. Лифофаи почтавӣ, 2 дона
  14. Тездӯзак (папкаи картонӣ)
  15. Ҳуҷҷатҳои зеринро Шумо метавонед дар Маркази муҳоҷиратӣ ба пуррагӣ омода намоед:
  16. Ариза дар бораи гирифтани РИМ, 2 дона, барои шаҳрванди хориҷие, ки ба ФР дар тартиби талабшавандаи гирифтани раводид, ворид шудааст
  17. Расми андозаи 35х45 мм, 2 дона, аз ҷумла барои фарзандони ноболиғ
  18. Тарҷумаи шиносномаи бо тасдиқи нотариус, ҳамаи саҳифаҳои шиноснома бо тарҷумааш бояд дӯхта шаванд
  19. Тарҷумаи шаҳодатнома дар бораи таваллуд бо тасдиқи нотариус
  20. Тарҷумаи хатти никоҳ бо тасдиқи нотариус
  21. Тарҷумаи шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак бо тасдиқи нотариус
  22. Тарҷумаи шиносномаи кӯдак бо тасдиқи нотариус, ҳамаи саҳифаҳои шиноснома бо тарҷумааш бояд дӯхта шаванд
  23. Сертификати тиббӣ, аз ҷумла барои фарзандон, баъд аз гузаштани комиссияи тиббӣ гирифтан мумкин аст (ҳамаи духтурҳо ва ҳамаи таҳлилҳо) дар ошёнаи 3-юм, дар Маркази муҳоҷиратӣ
  24. Сертификат дар бораи дониши забони русӣ ё ҳуҷҷат дар бораи маълумоти дар ҳудуди ИҶШС (СССР) то соли 1991 ва ё дар ҳудуди ФР баъд аз соли 1991 гирифта шуда
  25. Боҷи давлатӣ, 1600 рубл, КБК 192108060000100115110

Рӯйхати пурраи ҳуҷҷатҳои лозимӣ ва шартҳои пешниҳоди он барои гирифтани РИМ, ҳуҷҷати зистро ба шумо мутахассисони ХФМ дар Маркази муҳоҷиратӣ, воқеъ дар суроғаи к. Есенин 1г маслиҳат медиҳанд.
Ба машварат биёед!
Вақти кор аз 8.00 то 17.00 дш, сш, пш, ҷм (рӯзи чоршанбе қабул карда намешавад). Танаффус аз 13.00 то 14.00

Нархи тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои ба расмият даровардани РИМ

  1. Тайёр намудан ва ҳамроҳӣ кардани пакети ҳуҷҷатҳо барои гирифтани рухсатномаи истиқомати муваққатӣ
    • барои шаҳрвандони хориҷи наздик 21 000 рубл.
    • барои шаҳрвандони хориҷи дур 30 000 рубл.
  2. Муоинаи тиббӣ (ҳамаи духтурҳо ва таҳлили хун ба ВИЧ ва сифилис) 3050 рубл.
  3. Тест барои гирифтани сертификат дар бораи дониши забони русӣ, таърих ва қонунгузории ФР 5300 рубл.
  4. Тарҷумаи ҳуҷҷатҳо аз забонҳои хориҷӣ аз 1200 рубл.
  5. Расмҳо, 4 дона, 3х4 см, 150 рубл

Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои ба расмият даровардани ҳуҷҷати зист

  1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахс ва шаҳрвандӣ – шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ, нусхаи аслӣ.
  2. Шаҳодатнома дар бораи таваллуд, нусхаи аслӣ
  3. Ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани маблағҳои кофӣ барои аризадиҳанда ва аъзоёни оилаи ё барои таъмини ҳадди ақали рӯзгузарони ҳангоми истиқомат дар Федератсияи Россияро ё корношоямии аризадиҳандаро тасдиқ мекунад
    • маълумотнома дар бораи даромадҳои шахси воқеӣ ё
    • эъломияи даромадҳо бо қайди мақомоти андоз ё
    • маълумотнома аз ҷои кор ё
    • шаҳодатномаи нафақа ё
    • маълумотномаи мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ дар бораи гирифтани кӯмакпулӣ ё
    • тасдиқнома дар бораи гирифтани алиментҳо ё
    • маълумотнома дар бораи мавҷуд будани амонат дар ташкилоти қарзӣ бо нишон додани рақами суратҳисоб ё
    • шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи меъросӣ ё
    • маълумотнома дар бораи даромадҳои шахсе, ки аризадиҳанда дар таъминоти ӯ мебошад ё
    • дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи даромадҳо аз фаъолияти бо қонун манъ карда нашуда ва ё аз корношоямӣ
  4. Ҳуҷҷат дар бораи ивази насаб
    • хатти никоҳ ё
    • хатти талоқ ё
    • маълумотнома аз САҲШ, дар ҳолати чанд маротиба иваз кардани насаб
  5. Розигӣ дар бораи кӯчидан ва истиқомати кӯдаки синни аз 10 то 18 сола дар ФР.
  6. Ҳуҷҷатҳои зеринро Шумо метавонед дар Маркази муҳоҷиратӣ ба пуррагӣ омода намоед:
  7. Ариза дар бораи гирифтани ҳуҷҷати зист, 2 дона,
  8. Расми андозаи 35х45 мм, 2 дона, аз ҷумла барои фарзандони ноболиғ
  9. Расм, 1 дона, дар қоғази беҷило барои ба расмият даровардани ҳуҷҷати зист
  10. Сертификати тиббӣ, аз ҷумла барои фарзандон, ҳангоми гузаштани комиссияи тиббӣ гирифтан мумкин аст (ҳамаи духтурҳо ва ҳамаи таҳлилҳо) дар ошёнаи 3-юм, дар Маркази муҳоҷиратӣ
  11. Тарҷумаи шиноснома бо тасдиқи нотариус, ҳамаи саҳифаҳои шиноснома бо тарҷумааш
  12. Сертификат дар бораи дониши забони русӣ ё ҳуҷҷат дар бораи маълумоти дар ҳудуди ИҶШС (СССР) то соли 1991 ва ё дар ҳудуди ФР баъд аз соли 1991 гирифта шуда
  13. Боҷи давлатӣ, 3500 рубл

Рӯйхати пурраи ҳуҷҷатҳои лозимӣ ва шартҳои пешниҳоди он барои гирифтани РИМ, ҳуҷҷати зистро ба шумо мутахассисони ХФМ дар Маркази муҳоҷиратӣ, воқеъ дар суроғаи к. Есенин 1г маслиҳат медиҳанд.
Ба машварат биёед!
Вақти кор аз 8.00 то 17.00 дш, сш, пш, xм (рӯзи чоршанбе қабул карда намешавад). Танаффус аз 13.00 то 14.00

Нархи тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои ба расмият даровардани ҳуҷҷати зист

  1. Тайёр намудан ва ҳамроҳӣ кардани пакети ҳуҷҷатҳо барои гирифтани ҳуҷҷати зист.
  2. Муоинаи тиббӣ (ҳамаи духтурҳо ва таҳлили хун ба ВИЧ ва сифилис) 3050 рубл.
  3. Тест барои гирифтани сертификат дар бораи дониши забони русӣ, таърих ва қонунгузории ФР 5300 рубл.
  4. Тарҷумаи ҳуҷҷатҳо аз забонҳои хориҷӣ аз 1200 рубл.
  5. Расмҳо, 4 дона, 3х4 см, 150 рубл

Комиссияи тиббӣ

Барои гирифтани СЕРТИФИКАТИ ТИББӢ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандӣ дар ҶДММ «Хадамоти тиббии муҳоҷиратӣ» (ООО «Медицинская Миграционная Служба») Шумо метавонед дар ошёнаи 3-юми Маркази муҳоҷиратӣ дар давоми 30-40 дақиқа аз муоинаи тиббӣ гузаред.

Нархи хизматрасониҳо бо назардошти таҳлили Маркази СПИД: 3050 рубл.

Қабули шаҳрвандони хориҷӣ ҳар рӯз (ғайр аз шанбе ва якшанбе) аз 8.00 то 17.00 ба амал бароварда мешавад, танаффус аз 13.00 то 14.00.

Имконияти қисман гузаштани мутахассисони марказ мавҷуд аст.

Тартиби гузаштани муоинаи тиббӣ:

  1. Шаҳрванди хориҷӣ ба утоқи қайдкунӣ (регистратура) муроҷиат карда ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намояд:
    • шиноснома
    • тарҷумаи шиноснома ба забони русӣ
    • корти муҳоҷиратӣ
    • бақайдгирӣ (регистрация)
    Илова бар ин:
    • Агар мавҷуд бошад, натиҷаи ФЛГ, ки на дертар аз нимсол қабл гирифта шудааст.
    • Барои кӯдакони синни то 14 сола - маълумотнома дар бораи реакцияи Манту
    • Барои ҳомиладорон - маълумотнома дар бораи ҳомиладорӣ
  2. супурдани хун аз раги варид (вена) (ба СПИД, касалиҳои узвҳои таносул) – то соати 14
  3. гузаштани флюорография (бо хулосаи рентгеншинос)
  4. гузаштани азназаргузаронии духтурони:
    • касалиҳои рӯҳӣ-нарколог
    • касалиҳои пӯст ва таносул
    • фтизиатр

Хулосаҳои тиббии ба расмият дароварда шуда баъд аз ду рӯз аз рӯзи супурдани таҳлилҳо дода мешаванд.

Дар хадамоти тиббии муҳоҷиратӣ машваратҳо оиди муоина ва табобати ҳар гуна муаммоҳои саломатӣ, таъмини ҳамроҳӣ дар ҳамаи марҳалаҳо ташкил карда шудааст.

Барои гирифтани посухҳо ба ҳамаи саволҳо ба телефони 311-02-57 занг занед
(Душанбе - ҷумъа аз 08.00 то 17.00, танаффус аз 13.00 то 14.00)

Маълумоти муфассал дар сомонаи ҶДММ «Хадамоти тиббии муҳоҷиратӣ» (ООО «Медицинская Миграционная Служба»): http://mmc54nsk.ru